Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинари бозомўзӣ

IMG_5085

12  апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии семинари бозомўзӣ дар мавзўи «Талаботҳои стандарти байналмилалии ИСО-14-001 ва тартиби иҷрои онҳо» баргузор гардид. Семинарро бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсати корҳои Кумита Халил Ҷалилов оғоз намуда, маърўзаи сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ Абдураҳимов Бозор шунида  шуд.

Дар машғулияти номбурда, инчунин муовини сардори Раёсати бахшт хусусии  Маркази тадқиқоти  стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одинаев иштирок намуда, оид ба зарурати ҳамкориҳои Кумита  бо соҳибкорон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ мулоқот парпо гашт.