Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби пешниҳод ба мукофотҳои соҳавӣ

Бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити
зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 апрели соли 2014, №44 тасдиқ шудааст

Тартиби
пешниҳод намудан ба мукофотҳои соҳавии Кумитаи
ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаррароти умумӣ

  1. Тартиби пешниҳод намудан ба мукофотҳои соҳавии
    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд мукофотҳои соҳавӣ) дар асоси қисми 3 моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаи 122 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4-и Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 тасдиқ шудааст, муайян мегардад.
    Мукофотҳои соҳавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нишонҳои сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист», «Аълочии ҳифзи муҳити зист», «Барои хизмати шоён», «Ифтихорнома» «Раҳматнома»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.
    2. Ба мукофотҳои соҳавӣ кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист доранд, пешбарӣ карда мешаванд.
    3. Барои ҳар як шахси ба мукофоти соҳавӣ пешниҳод гардида дар коллективи меҳнатӣ «Варақаи мукофотӣ», ки тибқи Тартиби мазкур муқаррар гардидааст, ба расмият дароварда мешавад.
    4. Дар «Варақаи мукофотӣ» ному насаби шахси пешниҳод гардида, сол ва ҷойи таваллуд, вазифаи хизматӣ, номи пурраи корхона ва ё муассисаи давлатие, ки дар он кор мекунад, шарҳи мухтасари хизматҳои ў, муваффақиятҳои меҳнатӣ, комёбиҳо дар рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, иштирок дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа қайд карда мешавад.
    Варақаи мукофотиро роҳбари мақомот ва раиси Кумитаи иттифоқи касаба имзо мекунанд, муҳр мегузоранд ва пешниҳод менамоянд.
    5. Ҳуҷҷатҳои барои гирифтани мукофот пешниҳодшуда тибқи талаботи Тартиби мазкур бо забони давлатӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар сурати нодуруст ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, онҳо баргардонида мешаванд.
    6. Мукофотҳои соҳавӣ дар дафтарчаи меҳнатии шахсони ба он сазоворгашта дар саҳифаи «Маълумот дар бораи мукофот» сабт карда мешаванд.
    7. Шакл ва андозаи «Варақаи мукофотӣ», нишонҳои сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист», «Аълочии ҳифзи муҳити зист», «Барои хизмати шоён» бо қарори ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ карда мешаванд.

Тартиби пешниҳод, тасдиқ ва супоридани
мукофотҳои соҳавӣ.

8. Пешниҳодҳо дар бораи сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ аз тарафи роҳбарони Раёсатҳо, шўъбаҳо, бахшҳо ва муассисаҳо дар мувофиқа бо ташкилоти иттифоқи касаба ба Раиси Кумита ирсол карда мешавад.
Агар роҳбари зерсохтори Кумита барои мукофот пешбарӣ карда шавад, пешниҳод аз тарафи муовини роҳбари мақомот ва розигии муовини Раиси Кумита (сарпарасти соҳа) амалӣ карда мешавад.
Раиси Кумита ва муовинони ў тибқи қарори Кумитаи иттифоқи касаба ба мукофотҳои соҳавӣ пешниҳод карда мешаванд.
9. Ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ба мукофот аз инҳо иборат мебошанд:
— пешниҳоди расмӣ;
— нусхаи шиноснома;
— варақаи мукофотӣ;
— 2 дона сурати андозаи 3х4.
10. Комиссияи мукофоти соҳавии назди Кумита дар давоми як моҳ баъд аз пешниҳод, ҳуҷҷатҳои мукофотиро дида мебарояд. Мукофотонидани кормандон бо қарори ҷаласаи Мушовара ва ё фармоиши Раиси Кумита ба расмият дароварда мешавад.

Намудҳои мукофотҳои соҳавии кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист

11. Нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» дар шакли давра сохта шуда, дар рўи он нақши глобус (табиат) бо нишондоди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштаҷоти «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» тасвир гардидааст.
12. Барои мукофотонидан бо нишони «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» шахсоне пешниҳод карда мешаванд, ки на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дошта, бо Ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон сарфароз гардонида шуда бошад.
13. Барои мукофотонидан бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» шаҳодатнома бо дарҷи рақами нишон супорида мешавад.

Нишони сарисинагии «Аълочии ҳифзи муҳити зист»

14. Нишони сарисинагии «Аълочии ҳифзи муҳити зист» дар шакли давра сохта шуда, дар рўи он нақши глобус (табиат) бо нишондоди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштаҷоти «Аълочии ҳифзи муҳити зист» тасвир гардидааст.
15. Бо нишони сарисинагии «Аълочии ҳифзи муҳити зист» шахсе мукофотонида мешавад, ки на камтар аз 10 сол собиқаи корӣ дошта, бо нишони сарисинагии «Корманди фахрии ҳифзи муҳити зист» сарфароз гардонида шудааст.

Нишони сарисинагии «Барои хизмати шоён»

16. Нишони сарисинагии «Барои хизмати шоён» дар шакли давра сохта шуда, дар рўи он нақши глобус (табиат) бо нишондоди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навиштаҷоти «Барои хизмати шоён» тасвир гардидааст.
17. Бо нишони сарисинагии «Барои хизмати шоён» шахсе мукофотонида мешавад, ки на камтар аз 15 сол собиқаи корӣ дошта, бо нишони сарисинагии «Аълочии ҳифзи муҳити зист» мукофотонида шуда бошад.

Ифтихорнома

16. Ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди роҳбарони зерсохторҳои Кумита бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист сарфароз гардонида мешаванд.
17. Ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кормандони соҳавӣ инчунин ба коллективҳои меҳнатӣ барои комёбиҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист сарфароз гардонида мешаванд.

Раҳматнома

18. Ба кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бунёд, барқароркунии объектҳои табиӣ фаъолона иштирок мекунанд, бо фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист раҳматнома эълон карда мешаванд.