Низомнома

Бо тағйирот: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 марти соли 2014, № 162

Замимаи1

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «24» апрели соли 2008 № 189 тасдиқ шудааст

 

НИЗОМНОМАИ

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

  1. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо ҳуқуқи Хадамот) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбики сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, обуҳавошиносӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ иштирок намуда, назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиатро амалӣ месозад.
  2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии баӣналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.
  3. Кумита фаъолияти худро мустақиман ва якҷоя бо сохторҳои тобеи худ, инчунин дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.

II. Вазифаҳо

Вазифаҳои асосии Кумита аз инҳо иборатанд:

  • пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, идоракунии истифодаи сарватҳои табиӣ аз ҷумла, ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, обуҳавошиносӣ, гуногунии биологӣ, ифлоскунандагони устувори органикӣ, тағйирёбии иқлим (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162);
  • назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, хоҷагиҳои шикорӣ, (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162) ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хатсайри туристӣ, ҷангалзорҳо, захираҳои обӣ, ҳавои атмосфера, замин ва қаъри он, канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо моддаҳои химиявӣ ва нуриҳои минералӣ, партовҳо ва маҳсулоти такрористифодашаванда, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ ва биологӣ, сифати сӯзишворӣ, ифлоскунандагони устувори органикӣ ва риояи меъёру стандартҳои экологӣ (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162);
  • муайян намудани самараноки, мутобиқат ва имконпазирии фаъолияти объекти экспертизашаванда ба талаботи экологӣ ва пешгирии оқибатҳои номусоиди таъсиррасонӣ ба муҳити зист, додани хулосаҳои холисона ва асосноки илмӣ;
  • барқарорсозии экосистемаҳо ва намудҳои наботот ва ҳайвоноти нодир, танзим ва рушди туризми экологӣ;
  • ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ, пешгӯи ва омӯзиши мунтазами вазъи муҳити зист, обу ҳаво, пиряхҳо, кӯлу обанборҳо, таҳлили пайдоиш ва ҷараёни ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ;
  • гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва омӯзиши масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои об, моҳӣ ва тағйирёбии иқлим;
  • таҳия ва мусоидат ҷиҳати амалӣ гардонидани барнома, стратегия ва нақшаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, такмили онҳо;
  • таҳия ва амалисозии чорабиниҳое, ки ба ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи об, ҳудудҳои рекреатсионӣ, комплексҳои табиӣ ва иншооти табиии дороӣ аҳамияти махсуси илмӣ, фарҳангӣ ва рекреатсионӣ нигаронида шудаанд;
  • таҳия ва татбиқи механизмҳои нави иқгисодии истифодабарии самараноки табиат;
  • таҳияи хуҷҷатҳои меъёрӣ ва методӣ, тибқи тартиби амалкунанда тасдиқ намудани онҳо;
  • ташаккули манбаъҳои маблағгузории фаъолияти ҳифзи табиат, барқарорсозии сарватҳои табиӣ, солимгардонии ҳолати экологӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон аз ҳисоби пардохтҳои ба воситаҳои махсуси ҳифзи табиат воридшуда;
  • мусоидат ба ҷалби инвеститсияҳо ҷиҳати амалигардонии стратегия, барномаҳои давлатӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;
  • такмили системаи огоҳсозӣ аз офатҳои табиӣ ва техногение, ки боиси ба вучуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва хисорот мегарданд;
  • таъмини мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеъа бо иттилоотӣ экологӣ;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хамчунин муассиса, корхона ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, оид ба масъалаҳои истифодаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологӣ;
  • ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иҷрои конвенсия ва шартномаҳо оид ба маъсалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи худ гирифтааст;
  • тибқи муқаррароти конунгузорӣ ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандон, гузаронидани атестатсия, ҳимояи имтиёзҳои хизматчиёни давлатӣ, андешидани тадбирҳо оид ба такмил ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон;
  • баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори умум.
  • тибқи тартиби муқарраргардида ҷалби нозирони ҷамъиятӣ барои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;
  • таҳияи лоиҳаи қонунҳо, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, меъёрию методӣ ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ пешниҳоди онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор.

III. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо

Кумита дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:

  • дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидорро дойр намояд;
  • дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ назорати давлатиро амалӣ намояд;
  • назорати давлатии чорабиниҳо ва барқарор намудани захираҳои табиӣ, муҳоҷирати ҳайвонот, аз ҷумла воридот, истеҳсол, истифодаи моддаҳои химиявӣ, техника ва технологияи қаблан истифодашуда ва моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро амалӣ намояд; экспертизаи давлатии экологии фаъолияти пешбинишуда ва амалишавандаи субектҳои фаъолияти хоҷагидорро, новобаста аз шакли моликият ва мансубият дар асоси лоиҳаҳои асосноккунии техникии иктисодӣ, баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва дигар маводи дахлдор гузаронад, нисбати онҳо хулосаҳои дахлдор диҳад;
  • санҷиши манбаъҳои партовҳоро ба ҳавои атмосфера анҷом диҳад;
  • бо тартиби муқарраргардида назорати давлатиро оид ба амнияти химиявӣ ва биологӣ дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидор ва дигар шаклҳои фаъолият амалӣ гардонад;
  • ташхисҳои аналитикӣ, инструменталӣ ва лаборатории ҳолати об, хок, ҳаво, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳоро созмон диҳад;
  • тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандон, инчунин нашр намояд;
  • тибқи тартиби муқарраргардида захираҳои давлатии итилоотии вазъи муҳити зист, захираҳои табиӣ ва истифодаи онҳо, реестри объектҳои экспертизашударо ташкил диҳад;
  • дар доираи салоҳияти худ ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳифз ва истифодаи сарватҳои табиӣ, муҳити зист ва обуҳавошиносӣ амалӣ гардонида, тибқи тартиби муқарраргардида шартномаҳо бандад, уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро иҷро намояд;
  • тибқи талаботи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, хуҷҷатҳои дастурию методӣ оид ба истифодаи табиат ва стандартҳои экологиро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
  • тибқи тартиби муқарраргардида қоидаҳои ҳифз, истифодаи сарватҳои табиӣ (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162), инчунин дигар санадҳои меъёриро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
  • дар доираи қонунгузорӣ санадҳои дастурию методӣ ва меъёриро оид ба муқаррарсозӣ ва ситонидани пардохт барои партофти моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ҷойгиркунии партовҳо, аз ҷумла партовҳои хатарнок таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
  • тибқи тартиботи ҷорӣ самтҳои асосии фаъолиятро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, омузиш, азнавистеҳсолкунӣ, истифодаи захираҳои табиӣ, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлимро муайян кунад;
  • дар доираи салоҳияти худ барнома, стратегия, нақшаҳои миллӣ ва минтақавиро оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва обуҳавошиносӣ таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд ва барои амалисозии онҳо тадбирҳо андешад;
  • дар ташкили системаи умумии тарбия ва маърифати экологӣ иштирок намуда, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологӣ, шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори умум корҳои таблиғотиро ба роҳ монад;
  • бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаъолияти иҷозат ва иҷозатномадиҳиро барои муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, партовҳои хатарнок, инчунин объектҳои олами набототу ҳайвонот ва моҳӣ, ки ба китоби сурхи Тоҷикистон ва байналмилалӣ шомиланд, ҳамчунин ташкилу пуррасозии коллексияҳои зоологӣ анҷом диҳад;
  • тибқи тартиби муқарраргардида ҳамоҳангсозии фаъолиятро ҷиҳати ташкил ва таъмини системаи комплексии мониторинги вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ амалӣ намояд;
  • тибқи тартиби муқарраргардида бо истифодабарандагони сарватҳои табиӣ шартномаҳо  баста, дар доираи салоҳияти худ иҷрои вазифаи фармоишгари давлатиро таъмин намояд;
  • реестри объекҳои ифлоскунанда, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои мушоҳидаи ҳолати муҳити зистро ташкил кунад;
  • тибқи тартиби муқарраргардида фондҳои (воситаҳои махсуси) ҳифзи табиатро ташкил ва идора кунад;
  • омӯзиш, бозомузӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои дастгоҳи марказии Кумита, воҳидҳои сохтории худро ташкил ва доир намояд;
  • тибқи тартиби муқарраргардида намуна ва тартиби сару либоси расмӣ, нишонаҳои фарқкунандаи нозирони давлатии ҳифзи муҳити зистро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
  • аз вазорат, идора, муассиса, ташкилот, корхона ва хочагиҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ахбор дархост намояд ва онро шунавад;
  • ҳангоми зарурият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ намудҳои алоҳидаи фаъолиятро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки боиси хисороти табиат мегардад, манъ намояд;
  • фаъолияти таҳия, табъу нашр ва иттилоотиро анҷом диҳад.

IV. Фаъолияти ташкилӣ

  1. Кумитаро Раис роҳбарӣ менамояд, ки у аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  2. Раиси Кумита 2 муовин дорад, ки бо пешниҳоди у аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  3. Раиси Кумита роҳбарии фаъолияти Кумитаро амалӣ намуда, барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
  4. Раиси Кумита:
    • барои ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани роҳбарони Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд.
    • бо пешниҳоди роҳбарони Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ ва Раёсатҳо муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
    • тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарони мақомотҳои дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои система омада (ба ғайр аз директорони Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ), инчунин кормандони шӯъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
    • вазифаҳои муовинонро муайян мекунад;
    • дар доираи ваколатҳои худ сиёсат ва манфиатҳои экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекунад;
    • тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи салоҳияти худ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои дахлдори Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
    • дар доираи салоҳияти худ руйхати маълумоти мансуб ба сирри давлатиро муайян мекунад;
    • тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат, ҷадвали штатӣ, сметаӣ хароҷот, низомнома ва нақшаҳои кории сохторҳои Кумитаро тасдиқ намуда, ҳисоботи онҳоро қабул мекунад;
    • Низомномаи Раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, оиннома ва низомномаи мақомотҳоеро, ки дар Нақшаи идоракунӣ ва Номгуи ташкилотҳои системаи Кумита омадааст (ба ғаӣр аз Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ тасдиқ мекунад;
    • Комиссияҳои муввақатӣ ва доимиамалкунанда таъсис дода, низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад;
    • ҷаласаҳои истеҳсолӣ ва назоратиро ташкил намуда, тартиби бурдани онҳоро муайян мекунад;
    • тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумитаро барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва  мукофотҳои давлатӣ пешниҳод мекунад, мукофотқои соҳавӣ (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162), тадбирҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавиро ба амал мебарорад;
    • тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба кормандон ҷазоҳои интизомӣ медиҳад.
  5. Дар Кумита ҳайати мушовара дар ҳайати Раиси Кумита (Раиси ҳайати мушовара), муовинони раис (аз руи вазифа), инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он таъсис дода мешавад.
  6. Аъзова ҳайати мушовара бо пешниҳоди Раиси Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  7. Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара масъалаҳои асосии фаъолияти Кумита баррасӣ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо овоздиҳии аксарияти аъзо қабул гардида, бо протокол ва қарорҳо ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармони Раиси Кумита мавриди амал қарор мегиранд. Дар сурати пайдо шудани ихтилофи назар байни Раис ва аъзои ҳайати мушовара қарорро Раис қабул намуда, дар ин хусус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд ақидаи худро оид ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоянд.
  8. Раиси Кумита ҳамзамон Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, муовинони раис, Сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, мудирони Шӯъбаи назорати давлатии (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162) истифода ва ҳифзи захираҳои об, Шӯъбаи назорати давлатии (Қарори ҲҶТ №162) истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, Шӯъбаи назорати давлатии (Қарори ҲҶТ №162) истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва Шӯъбаи назорати давлатии (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162) истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо муовинони Сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мутахассисони онҳо нозирони давлатӣ мебошанд.
  9. Сарнозиридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ аслиҳаи хизматиро бо худ гиранд, истифода баранд ва нигоҳ доранд.
  10. Раиси Кумита Шӯрои илмию техникиро таъсис медиҳад ва ҳайати онро тасдиқ мекунад;
  11. Кумита дар доираи салоҳияти худ тибқи тартиби , муқарраргардида фармон, қарор ва фармоиш (дар ҳолати зарурӣ якҷоя бо дигар мақомот) мебарорад, дастурҳо медиҳад ва назорати иҷрои онҳоро ташкил мекунад.
  12. Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоте, ки ба нақшаи идораи Кумита шомиланд, инчунин корхонаю муассисаҳои тобеъи он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молили Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори ҲҶТ 3.03.2014, №162) аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода мешавад.
  13. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, рамз, бланкҳо, мӯҳр ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби Сарраёсати (Қарори ҲҶТ 3.03.2014,№162) хазинадории марказии (Қарори ҲҶТ 3.03.2014, №162) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маблағҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.
  14. Кумита бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
  15. Суроғаи ҳуқуқии Кумита: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1.