Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои мухталифи он ба ҳисоб меравад, ки ба баланд бардоштани самарабахшии аксари қарорҳои қабулгардида ва татбиқи тадбирҳо оид ба беҳбуди муҳити зист дар кишвар мусоидат менамояд.
Бахши робитаҳои байналмилалӣ дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо ҷиҳати эътибор пайдо кардани «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки 31 майи соли 2013 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, бо назардошти пешниҳодоти вазорату идораҳои дахлдор, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ва гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Барои равнақ додани ҳамкориҳо Ҷиҳати татбиқи Барномаҳои экологии СММ вохўриҳои Роҳбарияти Кумита бо директори минтақавии ЮНЕП дар Аврупо Ян Дусик ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев баргузор гардид. Дар вохўрӣ масъалаҳои таъсири корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон баррасӣ гардиданд.
Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014 маъқул дониста шудааст. Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар солҳои 2013-2015 барои баланд бардоштани иқтидори Кумита ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ягонаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, идоракунии самараноки сарватҳои табиӣ ба имзо расонида шуд.
Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Коки Системз КО Лтд» оид ба ҷудо намудани замин ва квота барои ҷамъоварии ширинбия то соли 2019 мавриди баррасии тарафҳо қарор дорад.
Инчунин, ҳамкорӣ бо WWWF (Фонди байналмиллалии ҳифзи табиати ёбоӣ), дигар ширкату ташкилотҳои бонуфузи давлатҳои хориҷию байналмилалӣ барои пешбурди сиёсати давлатии экологӣ мусоидат мекунад ва кор минбаъд низ идома меёбад.