Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маърифат ва таблиғот

Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020

Муқаддима

1. Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 ин системаи ҳадафҳои афзалиятнок, вазифа ва принсипҳое мебошад, ки асоси сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тарбия ва маърифати экологӣ ташкил дода, самтҳои асосии татбиқи он ва ташаккул додани маърифати экологии ҷомеаро муайян мекунад.

2. Барнома ба рушди низоми бефосилаи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ равона карда шудааст. Он барои тарбияи инсоне, ки муҳимияти мушкилоти муҳити зистро дарк мекунад ва дорои дониш, маҳорат ва малакаи зарурӣ буда, барои аз ҷиҳати экологӣ дуруст ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат заруранд, пешбинӣ шудааст.

3. Барнома дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи маориф», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия шудааст.

4. Барнома ҳадафҳои дарозмўҳлат, вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки татбиқи онро муайян менамояд. Он барои ҳамкории мутақобилаи самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунии шаҳракҳо ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, ҳифзи табиат, илмии ҳамаи намуд ва сатҳҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи маърифати экологӣ хизмат мекунад. Ҳуҷҷати мазкур хусусияти ҷамъиятӣ дошта, барои мусоидат намудан ба танзими асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ дар соҳаи тарбия ва маърифати экологӣ пешбинӣ гардидааст.

Муфассал