Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Кумита дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

IMG_1210

Имрӯз 18 июл  дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хайрулло Ибодзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки «Соли 2017 барои тамоми мардуми ҷумҳурӣ  соли хотирмон хоҳад буд. Чунки имсол мардуми сарбаланди тоҷик дар муҳити тинҷию осудагӣ 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланду хотирмон ва бо натиҷаҳои назаррас таҷлил намуд.  Корҳои ободониву созандагӣ барои истиқболи сазовори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи таърихӣ идома доранд.  Гузашта аз ин, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои “Соли ҷавонон” дар Дастгоҳи марказии Кумита, раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии он корҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Дар қисмати пурсишу посух журналистон оид ба масъалаву мушкилоти марбутаи соҳавӣ дар ҷойҳо, инчунин фаъолияти Кумита дар самти беҳдошти муҳити зист ва раванди амалишавии қонунҳову конвенсияҳо ва барномаҳои давлатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар нишаст Роҳбарияти Кумита, масъулони дигари соҳавӣ иштирок доштанд ва ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

   

Семинарҳои бозомӯзии сохторҳои Кумита дар ҷойҳо тақвият меёбанд

20170714_094822

Тибқи нақшаи кории Раёсат ва нақшачорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли равон, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон  14 июли соли равон семинари бозомӯзӣ бо иштироки мутахассисони шӯъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоятӣ баргузор гардид.

Дар рафти семинар мутахассисони соҳа доир ба масъалаҳои муҳим — асосҳо ва ҳолатҳое, ки сабаби гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ мегардад, пешбурди ҳуҷҷатгузории парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи Кодекси Мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пешниҳоди маводҳо ба Раёсат ҷиҳати ба тариқи судӣ рӯёнидани маблағи пардохт ва ҷуброни зарар, намуди санҷишҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, дастури методӣ оид ба санҷиши объектҳое, ки фаъолияташон ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд, тартиби дурусти пешниҳоди маълумот оид ба рафти иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» шунида шуд, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

   

Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳои экологӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара

20170710_094107

Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар  шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом аз 28 то 30 июни соли равон чорабиниҳои гуногун, ба монанди суҳбату мулоқотҳо, аксияҳои экологӣ, тренингҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниҳои мазкур бо иштироки ҷавонони фаъол, кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва клуби волентерони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Рўзи якум дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолҷавонон – донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мулоқот, боздид аз Осорхонаи миллӣ ва Боғи Камоли Хуҷандӣ, тамошои филми ҳуҷҷатии «Хона» оид ба ҳифзи муҳити зисти сайёра дар «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ва аксияи экологӣ таҳти унвони «Тозагии муҳити зист қарзи шаҳрвандии мост» дар маркази ш. Хуҷанд доир гардид.

Рӯзи дуюм дар шаҳри Конибодом дар толори Техникуми технологии ба номи А. Қаҳҳоров мизи мудаввар дар мавзӯи  «Пешвои миллат наҷотбахши сайёра» бахшида ба эълон гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» бо иштироки ҷавонони фаъоли шаҳр доир гардид. Сипас шиносоӣ бо идораи Корхонаи фаръии минтақавии обу канализатсия, аёдат дар хонаи пиронсолони шаҳр, сайругашт дар Боғҳои майдони зардолузори шаҳр ва дар фарҷом дар Қисми ҳарбии № 0480 бо иштироки ҳофизони ҷавони шаҳр барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Шоми дӯстӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон»  гузаронида шуд.

Рӯзи сеюм дар шаҳри Исфара пас аз шиносоии гурӯҳ дар майдончаи варзишии боғи марказии шаҳр бозии рафиқонаи футбол ташкил карда шуд. Сипас, дар маҷлисгоҳи КВД «Маркази ҷавонон»- деҳаи Чоркӯҳ дар мавзӯъҳои муҳити зист ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» бо иштироки наврасон ва ҷавонон мулоқоти озод доир гардид. Баъд аз анҷоми мулоқот меҳмонон ба тамошои ҷойҳои таърихӣ – Лангари  моҳиён, оромгоҳи Хазрати Шоҳ, осоишгоҳи Зумрад ташриф оварданд. Хамзамон баҳри ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаю бунёдкоронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш. Исфара дар мавзӯи  «Мо ҷавонон ба Пешвои миллат содиқем! » бо иштироки ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни ду муассисаи таҳсилоти олии шаҳр машварат баргузор гардид.

Ҳамзамон гурӯҳи корӣ аз ташкилу баргузории чорабиниҳои дар боло зикргардида хеле рӯҳбаланд гардида, дар ташкили он ба бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва Исфара арзи сипос баён намуданд.

   

Нишасти матбуотӣ дар вилояти Суғд

10 июли соли равон дар бинои  Кумитаи идораи замини вилояти Суғд нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи заминсозӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид.

Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма, хабарнигорони телевизионҳои «Тоҷикистон», Ширкати телерадио  СМ-1, «Азия», ТВ «Диёр», ТВ «Танин», ТВ «7 ситора», рӯзномаҳои «Хақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Ризқофарин», «Тирози ҷаҳон», «Садои мардум», «Халқ овозӣ», «Тоҷикистон», оҷонсии иттилоотии «Суғднюс» ва «Азия-плюс»,  радиои «Озодӣ», радиои «Садои Хуҷанд» радиои «Тоҷикистон»  иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон  варақаҳои иттилоотӣ (пресс-релиз) оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар нимсолаи  якуми  соли  2017  дастрас  гардид.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба тақсимоти заминҳои ҷазираҳои Сирдарё бо мақсади истифодаи кишоварзӣ ва расонидани зарар ба олами наботот ва ҳайвоноти минтақаи мазкур, ҳолати партовгоҳҳои радиофаъол ва андешидани чораҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳолати партовгоҳи деҳаи Канапаи н. Айнӣ саволҳо дода, посухҳои муфассал гирифтанд.

   

Бозии аввалини футбол байни зерсохтори Кумита ба нафъи дастаи Дастгоҳи марказии он хотима ёфт

20170713_193642

Мувофиқи ҷадвали мусобиқаи футбол байни дастаҳои мунтахаби сохторҳои Кумита, ки тибқи тартиби баргузории мусобиқаи варзишӣ аз рӯи ин намуди бозӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳти шиори «Љовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» баргузор гашта истодааст, нахустин шуда дастаҳои мунтахаби Дастгоҳи марказии Кумита бо Агентии обоҳавошиносӣ ба майдон баромаданд. Вохӯрии дастаҳо шоми 13 июл дар яке аз майдонҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ба вуқуъ пайваст. Шумораи ҳар тарафи дастаҳо дар майдон 7 нафариро ташкил дод. Сабқат дар сатҳи хуби омодабошӣ сурат гирифт, зеро қаблан дастаҳои мазкур байни ҳам барои санҷидани қувваи ҳамдигар ба майдон омада буданд.
Натиҷа он шуд, ки дастаи мунтахаби Дастгоҳи марказии Кумита рақиби худ Агентии обуҳавошиносиро ба ҳисоби 6-2 мағлуб сохт. Бозии ҷавобии дастаҳои мазкур санаи 20-июл дар майдони номбурда баргузор мегардад.

   

Бозиҳои футбол зери шиори «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон»

IMG_11272323

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш, махсусан футбол Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар вазорату идораҳо дастаҳои футболи худро роҳандозӣ намуд.
Ташкили чунин бозиҳои варзишӣ аз як тараф агар алоқаи дӯстии байни кормандонро қавӣ гардонад, аз тарафи дигар варзишгарони соҳавӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ омода мешаванд.
Қаблан тартиби баргузории мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футбол байни кормандони сохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» таҳти шиори «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» таҳия гардида, дар мувофиқа бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Айни замон рӯйхати дастаҳои футболи Кумита ва зерсохторҳои он, инчунин ҷадвали бозиҳо байни дастаҳо мураттаб гардида, мувофиқи тартиби мазкур бозиҳо дар яке аз майдонҳои варзишӣ дар шаҳрӣ Душанбе идома дорад.