Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси тантанавӣ бахшида 21-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

konst.1

5 ноябри соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 21-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҷлисро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҳусни оғоз бахшида, зимни сухани табрикотии худ арзиши волои ин санаи таърихиро дар таҳкими давлати тозаистиқлоли миллати куҳанбунёди тоҷик басо муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ намуд.konst.2
Баъдан оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими соҳаҳои иљтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат сардори Бахши обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Қурбонов Вали суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки солҳои 1991-1997 дар таърихи навини кишварамон як марҳалаи бисёр ҳассосу душвор ва барои миллати тоҷик хатарбор ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра бо ҳазорон умеду орзуҳои нек хиштҳои аввали давлати тозабунёди тоҷикон гузошта шуданд. Боиси хушнудист, ки тайи 21 сол аст, халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёту фаъолияти худро тибқи меъёрҳо ва талаботи Конститутсия ба роҳ монда, бо риояи ин санади муҳимтарини давлатӣ ба комёбиҳои бузург ноил гаштааст.
Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор олимону мутахассисони Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нашриёти «Ганҷ», ки дар таҳия ва чопи нашри дуввуми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд, ифтихорномаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

   

Дар нишасти навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

3 ноябри соли 2015 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи навбатии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои марбут ба вазъияти экологии кишвар, аз ҷумла «Сиёсати обӣ ва таҷриба дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллии Тоҷикистон» ва «Масъалаҳои экологии минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Султон Раҳимзода ва мудири шуъбаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои кишварамон Иброҳим Саидов иштирок доштанд.
Зимни суханронии худ Х. Ибодзода қайд намуд, ки «Имрўз олимону коршиносони эклогии байналмилалӣ дар он ақидаанд, ки маъсалаҳои экологӣ бояд дар маркази диққати ҳукуматҳои кишоварҳои мухталиф, ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ қарор дошта бошанд, чунки мушкилоти экологӣ ҳатман аз як кишвар ба кишвари дигар гузашта, характери минтақавию глобалиро қабул мекунад.» Дар баромади Х. Ибодзода масъалаҳои мубрами экологӣ, аз қабили баррасии вазъи пешбурди сиёсати обӣ ва таҷриба дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ, ки мусоидати фаъоли дигар муассисаҳои дахлдори дохилӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро тақозо менамояд, баён гардиданд.
Дар нишасти мазкур, ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштироки фаъоли мардум дар ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ҷиҳати ба таври самаранок истифода бурдани арзишҳои муҳити зист мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт.
Қобили қайд аст, ки бо назардошти муҳимияти масъалаҳои экологӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори иқтисодиёт соли 2010 дар назди Маҷлиси намояндагон Комиссияи экологӣ таъсис дода шуда буд. Мақсади асосии Комиссия мусоидат ба танзими фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва рушди иқтисодиёт тавассути такмилу таҳким бахшидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин аз рўи масъалаҳои ба рўзномаи нишаст воридшуда муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Султон Раҳимзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода, Ҷамшед Муртазоқулов, Ҳаёт Одинаев, Олимҷон Сафаров, Равшан Раҷабов, Пулод Муҳидинён ва дигарон баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

   

Семинари бозомӯзӣ оид ба Барномаи давлатии маърифати экологӣ бо кормандони Роҳи оҳани Тоҷикистон

sem.rohi.ohan3

30 октябри соли равон дар Корхонаи воҳиди “Қитъаи Душанбегии роҳ”- и КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон семинари омӯзишии сатҳи баланд доир гардид. Мавзӯи семинар дар доираи омӯзиши «Барномаи давлатии комплексии Рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» буда, дар баргузории ин чорабинӣ муовини аввали сардори КВД Роҳи охани Тоҷикистон Баҳром Шодиев ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарифова иштирок ва суханронӣ намуданд.
sem.rohi.ohan4Сипас мувофики тартиби кори семинар аз рӯи мавзӯъҳои пешбинишуда, мутахассиси Кумита, сардори Маркази захиравии Орхус дар Душанбе Сулҳия Содиқова дар бораи зарурати кабул ва максаду вазифахои барномаи давлатии маҷмуавии маърифати экологии аҳолӣ, ки муҳлати иҷрои он давраҳои то соли 2020-ро дарбар мегирад, баромад намуд.

Ҳамчунин суханронии муҳандиси пешбар оид ба муҳити зисти Хадамоти сиёсати техники КВД Рохи охани Тоҷикистон Ҷумъахон Сулаймонов шунида шуд. Ҳамзамон, дар доираи мавзӯъҳои баррасишуда ва дигар масоили дахлдори ҳифзи муҳити зист, ки роҳиоҳанчиён дар фаъолияти кории худ ба он мувоҳеҳ мешаванд, ба масъулони соҳаи ҳифзи муҳити зист суолҳои зиёде пешниҳод карда шуданд, ки ба суолҳои додашуда муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист О. Шарифова чавобҳои мушаххас дод.
Бахше аз ҷараёни семинар викторина байни кормандони роҳи оҳан буд, ки дар ин қисмат ба иштирокдорон саволҳо аз соҳаи тахассусӣ ва ҳифзи муҳити зист дода шуда, алоҳида кормандон дар он маҳорати хуб нишон дода, ба сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва нашри нави Китоби сурхи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан, ба таври рӯйнамо (презинтатсия) аз ҷониби сардори техникии КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон Неъматулло Маҳмадалиев ёддоштҳо sem.rohi.ohan2аз Намоишгоҳи байналмилалии EXPO 1520, ки чанде қабл дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия сурат гирифта буд, ба иштирокдорони семинар нишон дода шуд. Бояд ёдовар шуд, ки пешрафтҳои барқсои замони муосир оид ба навгониҳои технологӣ ба воситаҳои нақлиёти Роҳи оҳан низ бетаъсир намонд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз чунин навгониҳои глобалӣ бархурдор буда, аз рӯи тақозои чаҳони имрӯзаи технологияҳои навсохти роҳи оҳанӣ, ки бо назардошти вазъи экологии имрӯза сохта шудаанд, кор мегирад.
Баъд аз ин, иштирокдорони семинар аз фаъолияти кормандони КВ “Қитъаи Душанбегии роҳ”- и КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон ва МД «Боғи Ирам» дар шаҳри Душанбе дидан карданд.
Дар интиҳо, тарафҳо ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак баҳри ҳифзи муҳити зист, бехатарии хатҳои роҳи оҳан, баланд бардоштани маърифати экологии ахолӣ ва таъмини суботи экологии шаҳрвандон изҳори хушнудӣ намуданд.

 

   

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин, озмун эълон менамояд

р/т Шумораи бастҳо Номгўи мансабҳои холӣ Маоши вазифавӣ (сомонӣ)
1 1 Сармутахассиси ҳуқуқи Раёсати корҳо 900
2 1 Сармутахассиси  Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҳисор 738
3 1 Сармутахассиси  Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт 738
4 1 Сармутахассиси  Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷиргатол 738
5 1 Мутахассиси пешбари  Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод 615
6 1 Мутахассиси Экспертизаи давлатии экологӣ 576
7 1 Мутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рўдакӣ 472

Талабот ба довталабон:
— маълумот – олии касбӣ
— ариза ба унвони Кумита
— варақаи баҳисобгирии кадрҳо
— шарҳи ҳол
— 3 дона расми 3 х 4 (ранга)
— маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ №086ЕУ
— нусхаи диплом
— нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз
— тавсифнома аз ҷойи кори охирон
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
— нусхаи шиноснома
— нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН)
— нусхаи хатти ақди никоҳ

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1 , индекс 734064
Муҳлат: 14 рўз баъд аз рўзи нашр.

   

Озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи зарин-2015» ҷамъбаст гардид

tz

24 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи зарин» бахшида ба иди меҳргон натиҷагирӣ карда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи зарин» дар асоси «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ва нақшаи чорабиниҳои Маркази номбурда роҳандозӣ гардидааст.
Мувофиқи шартҳои озмун хонандагони синфҳои 7 ва 11-и аъзои маҳфилҳо, клубҳо, дастаҳои сайёҳию кишваршиносӣ, табиатдӯстони ҷавон ва дигар иттиҳодияҳои экологӣ, ки марҳалаҳои ғолибияти даври ноҳиявию вилоятии озмуни «Тирамоҳи зарин»-ро гузаштаанд, аз тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, маҳорат нишон доданд.
Шартҳои озмун аз рӯи се номинатсия, ба мисли «Ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ, намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ, гербарияҳо, истифодаи партовҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, албомҳо, суратҳои ранга, истифодаи маводҳои видео оид ба кабудизоркунӣ ва муҳофизати муҳити зист»; «Суолу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ: (биология, экология)» ва «Ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист» сурат гирифт.
Аз ҷониби ҳакамон ғолибони шартҳои озмун муайян гардида, бо диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

   

Семинари бозомӯзӣ оид ба омўзиши Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

seminar.21.10

21 октябри соли ҷорӣ, тибқи Нақшаи тасдиқгардидаи машғулиятҳои семинари бозомӯзӣ дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Кумита зери мавзӯи «Тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» семинари навбатӣбаргузор гардид.
Мувофиқи тартиби муайянгардида, сармутахассиси Бахши кадрҳои Кумита Нурулло Сайфуллоев мундариҷаи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро, ки бо Фармони Президенти ҶТ аз 20 майи соли 2009, таҳти №659 тасдиқ гардидааст, ба иштирокдорони семинар фаҳмонда дод.
Сипас дар робита ба мавзӯи матраҳшуда оид ба талаботи таъйингардидаи Низомномаи мазкур аз ҷониби иштирокдорон ба Сайфуллоев Н суолҳо дода шуда, шунавандагон ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Мақсад аз баргузории чунин семнарҳои бозомӯзӣ ин сайқал додани донишҳои соҳавии кормандон, бахусус омода намудани ҷавонон барои иштирок дар озмунҳои ҷойҳои холии мансабҳои хизмати давлатӣ мебошад.

   

5-умин Ҷаласаи дуҷониба оид ба масоили «Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист…»

hamkori.dar.sohai.hmz

Рўзҳои 22, 23-юми октябри соли равон бо мусоидати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи Иқтисодии Аврупоии СММ (КИА СММ) ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Лотус»-и шаҳри Душанбе Ҷаласаи панҷуми дуҷонибаи ашхоси вазифадор ва мутахассисон оид ба масоили «Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гидрология (обшиносӣ) дар ҳавзаи дарёи Панҷ /Амударё байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Ҳадаф ва вазифаҳои Ҷаласа ин ҳамкории ҶИА ва ҶТ оид ба иҷроиши Созишномаи дуҷониба ва ҳамкорӣ дар равандҳои бисёрҷониба ва барномаҳо барои 5 соли минбаъда, ҳамчунин, натиҷагирии фаъолияти солона оид ба амалисозии Ёддошти тафоҳум оид ба гидрология ва марҳилаи аввали табодули маълумот барои солҳои 2014-2015 ва табодули афкор оид ба дигар самтҳои фаъолияти дуҷониба доир ба масоили ҳифзи муҳити зист байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Дар рафти кори Ҷаласа Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойхон Шарифова, Мушовири калон оид ба масъалаҳои экологии Комиссияи иқтисодии Аврупогӣ Бу Либерт, Муовини Сафири Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ҷаноби Фабио Пиана ва дигар мутахассисону коршиносон аз вазорату идораҳои дахлдори ҶИА ва ҶТ, инчунин сафорати Федератсияи Руссия дар ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин ҳамоиши дурўза ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи об ва Конвенсияи об, фазои иттилоотии соҳаи обу экология, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим; масоили ҳамкории хадамоти гидрометеорологӣ, табодули маълумоти гидрологӣ ва такмили шабакаҳои мониторинги муҳити зист; лоиҳаҳо ва ташаббусҳо оид ба ҷангал ва захираҳои табиӣ; Лоиҳаи пилотӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон; табодули байнисарҳадии таҷриба, маърифат ва рушди устувор дар маҳал ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

   

Нашри дуюми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

it.surx2

Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде қабл бо ҷалби 42 нафар олимону мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоологияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дуюми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва чоп гардид. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда моҳи октябри соли 2015 чоп шудааст.
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, барои истифодабарӣ ба кормандони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳаҳои ботаника ва зоология, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва оммаи васеи хонандагону дӯстдорони табиат тавсия мешавад. Гуногунии биологии Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотҳои навтарин дар сохтори фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4 500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст. Ҳаёт ва рӯзгори беш аз 70% аҳолии Тоҷикистон аз истифодаи бойгариҳои табиӣ вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некӯаҳволӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист ва нигоҳ доштани гуногунии биологӣ чораҳои муҳиму мақсаднок амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, оид ба тақвият бахшидани огоҳии мардум ва такмил додани заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи мухити зист корҳои зиёд ҷараён доранд. Ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ бо муассисаҳои давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист густариш меёбад.
Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатиро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда танзим менамояд. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин Китоб дохил шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд.
Ба нашри якуми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд. Нашри аввали Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар нашри дуюми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растанӣ ва 222 намуд ҳайвоноте, ки зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил шудаанд.
Вазифаи асосии Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ ва ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардидааст ё ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Умед аст, ки нашри дуюми Китоби сурх-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва таҷдиди намудҳои нодири набототу ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи устувори захираҳои табиии кишвар нақши муҳими худро мегузорад.

   

Маҳфили экожурналистон дар шаҳри Турсунзода

tursunzoda.2

Тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои экожурналистон рӯзи 14 октябри соли равон дар шаҳри Турсунзода зери мавзӯи «Ҳолати кунунии ҳавои атмосфера дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари навбатӣ доир гардид. Дар аввал бо роҳбаладии сардори Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма аз хоҷагии деҳқонии «Ватан-2008», ки он дар 8 километраи шимолии Ширкати алюминийи тоҷик воқеъ гардидааст, дидан намуданд. Раиси хоҷагии номбурда, деҳқони маъруф Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дастпарвардаҳои маҳсули заҳмати худро, ки аз намудҳои ангури хушсифат, анвои гуногуни дарахтони ороишӣ ва гулҳо иборат буд, ба рӯзноманигорон нишон дод.
Дар вохӯрӣ нашри дуюми Китоби Сурхи Тоҷикистон, ки нав аз чоп баромадааст, аз номи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси хоҷагии мазкур Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов эҳдо гардид.
Дар ҷараёни боздид аз алоҳида нуқтаҳои атрофи Ширкати алюминйи тоҷик бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ ҳавои атмосфера санҷида шуда, бо мушоҳидаҳои қаблӣ ва кунунӣ дар муқоиса нишон дода шуд, ки дар ҳудуди таъсири КВД Ширкати алюминийи тоҷик вазъи экологӣ муътадил буда, миқдори консентратсияи ҳидрогени фтордор дар таркиби ҳаво ва хоку об аз меъёри муқарраршуда зиёд нест.
Сипас, дар яке аз мавзеъҳои зебоиманзари диёри Турсунзода оид ба ҳифзи фазои атмосфера семинар доир гардид, ки дар он сардори Шӯъбаи назорати давлатии ҳифзи ҳавои атмосфера Маҳмадсодиқ Мусамиров ва сардори Маркази назорати таҳлилии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Эгамбердӣ Рустамов суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, вобаста ба мавзӯи мавриди назар байни мутахассисон ва намояндагони ВАО суолуҷавоб доир гардида, рӯзноманигорон ба суолҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Семинар бо дастгирии молиявӣ ва амалии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон сурат гирифт.