Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҳифзи табиат-ҳифзи ватан аст»

Screen Shot 2017-10-16 at 10.26.40 AM copy

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати маъорифи вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» семинарии омӯзишӣ дар мавзӯи «Маърифати экологӣ дар муассисаҳои томактабӣ» бо иштироки мушовирони шуъбаҳои маориф оид ба муассисаҳои томактабӣ, мудирон ва мураббиёни боғчаҳои кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор намуд.
Дар семинари омӯзишӣ оид ба амалӣ гардонидани талаботҳои бандҳои дахлдори Барномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, қайд гардид, ки имрӯз дар тамоми дунё ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, хусусан ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад, чунки рушди ҷомеа, некуаҳволӣ ва саломатии одамон аз он вобаста аст.
Мушкилоти экологӣ дар замони муосир характери глобалӣ гирифта истодааст ва маорифчиёни вилоят вазифадоранд, ки насли наврасро дар рушди ватандустӣ, дӯст доштани табиат тарбия намоянд, иброз доштанд иштирокчиёни семинари омӯзишӣ.
Дар семинар мураббиёни боғчаҳои кӯдакона дар баромадҳояшон ҳадафи асосии тарбияи маърифати экологиро дар муассисаҳои томактабӣ, ки он аз солҳои аввали зиндагӣ тарбия кардани инсондустӣ, қобилияти дарк ва дӯст доштани табиат ва муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона ва ташаккули системаи замонавии арзишҳо нисбат ба муҳити атроф буда, оиди шаклу усулҳои тарбияи насли наврас гуфта гузаштанд.
Қайд гардид, ки инкишоф ва тарбияи кӯдак бо роҳҳои шиносоӣ бо олами табиати хушманзари мо, майсаҳои сабз, гулу гулбуттаҳои рангоранги тару тоза, дарахтон, паррандагон, ҷалб намудани онҳо ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ кумак ба калонсолони оила, нигоҳубини ҳайвонҳои хонагӣ ва растаниҳо буда, мураббиён метавонанд аз адабиётҳои кӯдакона, афсонаҳои халқӣ, расмҳо истифода бурда, суҳбату ҳикояҳо намоянд, то онҳо дар бораи ҳайвоноту паррандаҳо, растаниҳо ва ғайра маълумот пайдо намоянд. Дар майдонҳои озмоишӣ дарахтони гуногун, сабзавот, гулу гулбуттаҳо сабзонида, ба нигоҳубини парранда ва парвариши харгушҳо ба роҳ монда шудааст, ки барои рушди тарбия аз манфиат дур нест.
Инчунин пешниҳод гардид, ки намоиши саҳнаҳои театри лухтак ташкил карда шуда, дастури таълимию методӣ барои мураббиёни муассисаҳои томактабӣ таҳия гардад.
Дар семинар сардори Раёсати маорифи вилоят Д. Исоев ва сармутахассиси ахбори экологии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Р.Тураев иштирок ва суханронӣ намуданд.

   

Баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон

Screen Shot 2017-10-16 at 10.24.24 AM copy

Дар доираи иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», тибқи нақшаи чорабиниҳои комиссияи вилоятии байниидоравии давлатӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ «Маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ», Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Савият ва Адолат» дар мавзӯи «Саҳми кучаки ман дар наҷоти сайёраи замин» бо иштироки омӯзгорони фанни экологияи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар барпо намуд.
Дар чорабинии мазкур партовҳо, ки масъалаи аввалиндараҷа дар ҷаҳон мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳод гардид, ки тибқи лоиҳа дар мавзӯи «Ҷалб кардани диққати хонандагон ба ҳалли мушкилотҳои экологӣ ва ҳифзи муҳити зист», таъсиси маҳфилҳои экологӣ, семинарҳои нақшофарӣ ба мушкилотҳои ҳифзи муҳити зист, муомилот бо партовҳо, намоишҳои театрии хонандагон ва ташкили экскурсия ба Боғи ботаникии шаҳри Душанбе пешниҳодҳо шуданд, ки барои баланд бардоштани маърифати экологии мактаббачагон ва тағйир ёфтани муносибати онҳо ба муҳити атроф мусоидат намуда, барои ташаккул ёфтани фарҳанги маърифати экологии наврасон замина мегузорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист, телевизион ва радиои вилоятӣ ҳар моҳ дар шабакаи телевизионии вилоят мизи мудаввар таҳти лавҳаи «Ҳифзи табиат –ҳифзи ватан аст» баргузор мегардад, ки дар он мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва маъорифи вилоят, аъзоёни комиссияи вилоятӣ, омузгорону донишҷуёни Донишгоҳу Донишкадаҳои вилоятӣ, иштирок намуда, оиди масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти он фикру мулоҳизаҳои худро иброз менамоянд.
Ҳамин гуна чорабиниҳои экологӣ дар вилоят идома дорад.

   

Маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ

Screen Shot 2017-10-16 at 10.12.30 AM copy

Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» вобаста ба бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барнома «Маърифати экологӣ дар оила» бо гуруҳи занони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо маркази ОРХУС-и шаҳри Қӯрғонтеппа семинари омӯзишӣ барпо гардид.
Дар семинари омузишӣ муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Назарова З. М., иштирок намуда, дар бораи самту вазифаҳои маърифати экологӣ дар оиларо баррасӣ намуда, доир ба ташаккули таҷрибаи шахсии иҷтимоии мутақобилаи инсон ба муҳити зист бударо барои аз худ кардани дониш, маҳорат ва таҷрибаи доштаро, барои иштироки шахсии ҳар як узви оила дар ҳалли мушкилотҳои экологӣ ва кам кардани таъсирот ба муҳити зистро таъмин намудан суханрони намуд.
Ба омӯзиши кӯдакон оид ба баланд бардоштани малакаи муносибати эҳтиёткорона ба манзили худ, ҳайвоноти хонагӣ, растаниҳо, истифодаи об, қувваи барқ, маҳсулоти хурокворӣ ва истифодаи такрории партовҳои маишӣ аз тарафи ҳар як аъзои оила, робитаи ҳаррузаи байни рафтори инсон ва ҳолати муҳити зистро дарк намуда, байни муассисаҳои томактабӣ ва оилаҳо робита бояд барпо карда шавад.
Чунин семинари илми амалӣ бо донишҷуёни факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав дар мавзӯи «Конвенсияи ОРХУС оид ба ҳуқуқҳои эгологии шаҳрвандон» ва «Принсипу механизмҳои иқтисоди сабз» баргузор гардид, ки барои баланд бардоштани малакаю дониши экологии донишҷуён замина муҳаё намуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши экологии оилаҳо ва донишҷӯён вохуриҳо баргузор карда, дар онҳо мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист шомил гардад.
Инчунин дар бораи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-марти соли 2011 №97 «Оид ба қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор аз аҳолӣ, ташкили нигоҳдорӣ, интиқол ва безараргардонии онҳо» муносибат бо партовҳои истеъмолӣ ва таъсири онҳо ба саломатии инсон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

   

Ҷаласаи Мушовараи навбатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2323

Санаи 10. 10. 2017 ҷаласаи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти  Кумита дар нуҳ моҳаи соли 2017 ва  вазифаҳо оид ба ҷамъбасти сазовори  соли 2017 баргузор гашт. Дар ҷаласа сардорони сохторҳои Дастгоҳи марказии  Кумита, раёсату шуъбҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, вилоятҳо, шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои тобеӣ марказ, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар масъулони иҷрои конвенсияҳо ва лоиҳаҳои амалишавандаи соҳавӣ иштирок доштанд.
Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода рӯзномаи ҷаласаро пешниҳоди ҳозирин намуд.  Аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба натиҷагирии фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2017 сухан ба муовини Раиси Кумита Абдураҳмонзода С.  дода шуд. Дар баромади мавсуф тамоми паҳлуҳои фаъолияти сохторҳои  Кумита дар ҷойҳо мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд. Дар ин баробар натиҷаҳои назаррасу камбудиҳои ҷойдошта дар назди масъулони иҷро ҳаллу фасл гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ ҳисоботи директори Агентии обуҳавошиносӣ Расулзода Ҳ., сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон М. Назаралиев, Хатлон  Ш. Раҳимов, Суғд  Б. Абдумаликов , шаҳри Душанбе Раҳимов Н. ва шуъбаҳои назорати давлатии Дастгоҳи марказии Кумита шунида шуд.
Дар ҷаласаи Мушовара намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо Нарзулло — сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҳамбастагӣ ба муҳокимаи масъалаи баррасишуда ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласаи Мушовара тасдиқ гардид.

   

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

gузи забон (8)

Рӯзи 5.09 2017 дар Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро Муовини Раиси Кумита Шарипова О. ҳусни  оғоз бахшида, аз номи роҳбарияти Кумита кормандонро бо ин иди миллӣ табрику маборакбод намуда, дар бораи моҳияту аҳамияти забони давлатӣ маърӯза кард.  Дар ҷамъомади мазкур намояндагон аз Иттифоқи нависандагон, шоир ва рӯзноманигор Иззатбеки Идизод ва Аҳлиддини Ҳисорӣ иштирок намуда, дар бораи забони адабӣ ва моҳияти он  суханронӣ намуданд ва шеърҳои худро дар бораи забони тоҷикӣ қироат карданд.

   

НАШРИ ДУЮМИ КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СЕ ЗАБОН АЗ ЧОП БАРОМАД

3

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха (иборат аз ду ҷилд) бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян карда шудааст.

Соли 2016 барои бо забонҳои русӣ англисӣ баргардондани Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши Раиси Кумита ба имзо расид. Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Ганҷ» ва бо сифати баланд ба табъ расида буд. Дар Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки рӯзҳои 7-9 октябри соли 2016 баргузор гардид, нашриёти «Ганҷ» барои «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинтасияи «Беҳтарин ороиш, сифат ва бандубаст» ғолиб дониста шуд. Китоби мазкур дар асоси матни «Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олами наботот ва ҳайвонот, нашри дуюм — 2015», ки ба он 267 намуди растаниҳо аз олами наботот ва 222 намуди ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта дохил карда шудааст, омода гардидааст. Матни тоҷикӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва САҲА баргардонида шуд.

2Таҳрири техникӣ ва ҳамзамон ислоҳоти матни русии Китоби Сурхро, ки сармутахассиси Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шуҳрат Саидмуродов ба уҳда дошт, зимни мусоҳиба ба хабарнигори «Инсон ва табиат» гуфт, ки дар омода кардани китоб шахсони зерин: Саидасан Мамадусайнов, Авидзба Рубен, Дӯстов Диловаршо, инчунин дизайнер ва саҳифабанди нашриёти «Ганҷ» Артем Гулевский саҳми муносиб гузоштанд.

Китоб дар ду ҷилд – Олами наботот-ҷилди 1 (590 саҳ.) бо теъдоди 2000 нусха ва Олами ҳайвонот –ҷилди 2 (494 саҳ.) бо теъдоди 2000 нусха, дар маҷмуъ – 4000 нусха аз чоп баромад. Моҳи октябри соли равон Китоби Сурх ба дасти хонандагон хоҳад расид. Директори нашриёти «Ганҷ» Ҳаким Хушвахтов зимни суҳбат иброз дошт, ки Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коғази баландсифати истеҳсоли Финландия чоп шуда, вазни ҳар як китоб тақрибан 3-4 кг-ро ташкил медиҳад. Китоби Сурх ҳуҷҷати давлатӣ буда, ба кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисон: ботаникҳо ва зоологҳо, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат тавсия карда мешавад.

   

Семинарҳои бозомӯзӣ бо иштироки нозирони минтақавӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2017 рӯзҳои  13-15 сентябри соли ҷорӣ бо нозирони  шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан ва Гулистони вилояти Суғд аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказии Кумита семинари бозомӯзӣ гузаронида шуд.

Ба кори семинари бозомӯзӣ дар ҷойҳо Директори МД ММ татбиқи Конвенсияи Стокголмии СММ оид ба ифлоскунандаҳои устувори  органикии  Кумита Хайруллоев Р. оғоз бахшида, мақсад ва сабабҳои баргузории машғулияти мавриди назар, инчунин вазъи умумии фаъолияти мақомоти соҳавиро дар минтақа гӯшраси ҳозирин намуд.

Дар бозомӯзӣ ба нозирони минтақавӣ аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказии Кумита мавзӯъҳои зерин гузаронида шуданд:

— Низомнома, дастурамалҳои мансабӣ, нақшаи фаъолияти шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист: талабот барои таҳия, ташкили фаъолияти ҳаррӯза аз рӯи ҳуҷҷатҳои мазкур, ҷамъбасти рафти иҷрои онҳо ҳар семоҳа;

— Талаботи Дастурамали коргузорӣ дар ташкили ҳуҷҷатгузории  шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист;

— Тартиби таҳия ва барасмиятдарории санадҳо, протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

— Талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва вазифаҳои мақомоти соҳавӣ дар  иҷрои он;

— Идоракунии партовҳои истеҳсолию  истеъмолӣ дар корхонаю муассисаҳо ва вазифаҳои  мақомоти соҳавӣ дар таъмини  меъёрҳои  муқарраршуда;

— Қоидаҳои амалӣ намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои об дар вазифаҳои омодагӣ ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»;

— Тартиби таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавии ҳифзи муҳити зист. Тартиби банақшагирии фаъолият ва пешниҳоди ҳисоботҳо оид ба натиҷаи фаъолият;

— Пешбурди назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами  набототу ҳайвонот дар ҷойҳо аз ҷониби  мақомоти  ҳифзи муҳити зист;

— Вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар тарбияи  кадрҳо, баланд бардоштани  масъулияти иҷрои вазифаҳои хизматӣ;

— Вазифаҳои мақомоти соҳавӣ дар таъмини  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178 «Дар бораи  татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»;

— Талаботҳо  ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ».

Аз рӯи мавзӯъҳои номбурда Хайруллоев Р. — Директори МД ММ татбиқи Конвенсияи Стокголмии СММ оид ба ифлоскунандаҳои устувори  органикии  Кумита,  Қосимова Г. — Сардори шуъбаи Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ,  Мамадусайнов С.- сармутахассиси Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ, Мардонов М.-сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо, Аҳроров Ҳ.-сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии  истифода ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот, Маҳмадаминов С. — сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, Сайфуллоев Н.-сармутахассиси кадрии Раёсати корҳо,  Тиллоева Г. — сардори Маркази ахбори экологӣ ва Халилоҷ Ҷ. — сардори шуъбаи экспертизаи маводҳо оид ба истифодаи сарватҳои табиӣ баромад ва рӯйнамо (призентатсия)-ҳо намуданд.

Нозирони минтақавӣ дар рафти муҳокимаронии мавзӯъҳои баррасишуда ба суолҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

   

Баррасии масъалаҳо оид ба риояи қоидаҳои истихроҷи сарватҳои маъмули умум

2324243

13 сентябр маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зистиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар маҷлис сардорони сохторҳо ва мақомоти зерсохтори  Кумита аз Дастгоҳи Марказӣ, ш. Душанбе; ноҳияҳои он, сардорону дигар масъулони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, сардорони баъзе шуъба ва  бахшҳои алоҳидаи тобеи Раёсати ҳифзи муҳити  зисти вилояти  Хатлон иштирок намуданд.

Паз аз пешниҳоди баррасии масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис дарҷшуда аз ҷониби Раиси Кумита Х. Ибодзода  сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо паровҳо М. Мардонов  дар самти  фаъолияти мақомоти  маҳаллии ҳифзи муҳити зист, дигар мақомоти дахлдор, ширкату корхонаҳо оид ба риояи қоидаҳои истихроҷи сарватҳои маъмули умум баромад намуд. Дар суханронии Мардонов М. фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти риояи талаботҳои экологӣ ҳангоми истихроҷи канданиҳои маъмули умум мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Номбурда аз ҷумла қайд кард, ки барои  ҷой доштани камбудиҳо дар ин самт масъулони маҳаллии ҳифзи муҳити зист низ айбдоранд. Бо овардани мисолҳои мушаххас аз санҷишҳои қаблӣ дар ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав зикр карда  шуд, ки дар масъалаҳои ҷарима, зарар, амрияҳои иҷроияшон ҳатмӣ беаҳамиятӣ зоҳир гардида, талаботи баъзе бандҳои Кодекси замин  иҷро намегарданд. Ҳолатҳои бе ҳуҷҷатҳои бамеъёрдарорӣ фаъолият кардан низ ҷо доранд.

  Раиси Кумита Х. Ибодзода дар ҳошияи суханронии М. Мардонов аз он эрод гирифт, ки гоҳо қуму шағал аз дарёҳо бетартибона гирифта мешавад.  Мақомоти соҳавӣ  бояд фаъолиятро бо дигар сохторҳои дахлдор дуруст ба роҳ монад, то мушкилиҳои ҷойдошта дар оянда ҳалли пурраи худро ёбад. Бинобар ин, Раиси Кумита ба масъулони сохторҳои соҳавӣ дар ҷойҳо супориш дод, ки дар муҳлати 1 моҳ масъалаҳои мавриди назарро дар ҷойҳо ҳаллу фасл намуда, иҷроиши супориши протоколиро таъмин намоянд, вагар на, барои муҷозот пешниҳод карда мешаванд.  Раиси Кумита пешниҳод намуд, ки  масъалаи мазкур барои баррасӣ дар рӯзномаи ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи    9-моҳаи Кумита дар соли ҷорӣ дигрбора гузошта шавад.

Аз рӯи масъалаи дигари рӯзноиаи маҷлис ҳисоботи масъули китобхонаи ҷамъиятии Кумита  Шукуров А. шунида шуд. Қайд карда шуд, ки бо фармоиши  Раиси Кумита аз моҳи марти соли 2016, №-25 китобхонаи ҷамъиятӣ таъсис гардид.

Дар китобхона то имрӯз китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои соҳавӣ ва маҷаллаю брашураҳо, ба миқдори 378 адад ҷамъоварӣ шудааст.  Пешниҳод  карда шуд, ки дар дигар сохторҳои соҳавӣ низ китобхонаҳо ташкил гарданд, то ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандон мусоидат намояд.     

Дар охири маҷлиси назоратӣ инчунин масъалаҳо дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тарзи либоспӯшии кормандони Кумита баррасӣ гардиданд. Аз рӯи масъалаи   тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сардори Шуъбаи экспертизаи давлатии экологӣ Шукуров Исфандиёр   ва дар бораи тарзи либоспӯшии кормандони Кумита раиси Шӯрои занони Кумита Худойназарова Г. баромадҳо намуда, масаъалаҳои ҷориро мувофиқи қонуну қарорҳои ба тозагӣ қабулгардида шарҳу талқин намуданд.

Қайд гардид, ки аз рӯи масъалаҳои ҷорӣ дар назди Кумита гурӯҳи корӣ фаъолият менамояд, ки ба кормандон оид ба иҷрои бенуқсони талаботҳои қонуни номбурда машварату  тавсияҳо медиҳад.

Маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро баррасӣ намуда, оид ба ҳар яки он қарорҳои  дахлдорро қабул кард.

   

Маълумотнома

Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи фармоиши Раиси Кумита аз 01.08.2017с, №89 оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил-2017»

бо мақсади  сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таври доимӣ  тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷуйборҳо ва обанборҳо ва беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист,бо ҷалби бештари шаҳрвандон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Аз натиҷаи ҷамбасти аксияи мазкур аз тарафи Раёсатҳои ВМБК, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шӯъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ маълумотҳо бо тариқи хатти ба Кумита пешниҳод гардид.

Ҷамбасти натиҷаи аксияи «Тозагии соҳил-2017» дар  моҳи августи                                         

                                            соли  2017

р/т

Номгӯи   вилоятҳо шаҳрҳо ноҳияҳо

Иштироки  шаҳрвандон

Манбаҳои тозакардашудаиобӣ (дарёҳо, каналҳо, ҷӯйҳо заҳкашу, забур, кулҳо, чашмаҳо) км

Миқдори партовҳом3

Миқдори           техника адад

1

Вилояти

Суғд

    8224

106,7

721

2

Вилояти

Хатлон

34520

22,34

7924

64

3

ВМКБ

4997

150,0

202,2

10

4

ш.Душанбе

8572

14,5

332

5

НТР  аз он ҷумла

13610

73,8

367,3

66

н.Варзоб

1000

2,0

18

2

н.Ваҳдат

950

3,6

30

2

н.Тоҷикобод

1000

27,0

120

2

ш.Турсун-зода

700

5,0

32

4

ш.Роғун

5353

9,98

60

24

н.Файзобод

684

2,41

14,6

1

н.Ляхш

270

13,0

15

2

н.Рашт

2000

30,0

28

14

н.Шаҳринав

720

2,8

6,2

2

н.Рӯдакӣ

700

0,700

22

7

ш.Ҳисор

145

1,3

8,5

3

н.Нуробод

88

6,0

13

3

Ҳамагӣ

69923

367,4

9547

140

Маълумот оиди ҷамбасти аксияи «Тозагии соҳил-2017» дар ҳашт моҳи соли  2017

р/т

Номгӯи   вилоятҳо шаҳрҳо ноҳияҳо

Иштироки                           шаҳрвандон

Манбаҳои тозакардашудаи обӣ (дарёҳо, каналҳо, ҷуйҳо заҳкашу заҳбурҳо кулҳо ва чашмаҳо) км     

Миқдори партовҳом3

Миқдори         техника адад

1

Вилояти

Суғд

   37439

433,89

1655

52

2

Вилояти

Хатлон

89788

194,84

21960

163

3

ВМКБ

12824

317

409

15

4

ш. Душанбе

12219

22,7

497

20

3

НТР

34427

131,3

963

100

Ҷаъм:

186697

1099,7

25484

350

   

Натиҷагирӣ аз аксияи «Тозагии соҳил-2017»

1022510970

Тибқи натиҷагириҳои Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои обии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бар асоси фармоиши Кумита  аз 1 августи соли 2017, №89 бо мақсади сазовор  пешвоз гирифтани  ҷашни  26-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба таври доимӣ  тозаю озода  нигоҳ доштани  соҳилу дарёҳо, каналу ҷӯйборҳо ва онбанборҳо, беҳтар намудани  вазъи  санитарию экологии  муҳити зист, бо ҷалби доираи васеи шаҳрвандон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аксияи  «Тозагии  соҳил-2017″ гузаронида шуд.  Дар ҳашт моҳи аксияҳои  гузаронидашуда беш аз 1099 км  манбаъҳои  обӣ, аз қабили дарёҳо, каналҳо, ҷӯйҳо, заҳкашу заҳбурҳо, кӯлу чашмаҳо  поккорӣ гардиданд.  Дар аксияи мазкур 186, 697 нафар шаҳрвандон фаъолона иштирок намуда, 25484 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

   

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_2234

26 сол мешавад, ки Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати  озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва ба нурҳои ҳаётбахши худ имрӯзу фардои  мардуми шарифи моро мунаввар мегардонад.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гашт. Чорабиниро муовини Раиси Кумита Саидумрон Абдураҳмонзода оғоз намуда, кормандони соҳавӣ ва меҳмононро ба ин санаи муқаддаси миллӣ табрику наҳният гуфт. Дар сухани табрикотии хеш С. Абдураҳмонзода қайд кард, ки дастоварди бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол  таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тӯли 26 соли  соҳибистиқлолӣ ин барқарор намудани  сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву  ватандорӣ дар миёни тамоми  табақаҳаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Дар чорабинӣ ба ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки байни шоирону нависандагон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, имсол ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист эълон гардида буданд, диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ супорида шуд.   

Мақсади ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ байни аҳли эҷод ва ВАО ин баланд бардоштани  маърифати экологии аҳолӣ, ҷалб ва ҳавасманд гардонидани  онҳо дар тарбияи экологии мардум ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

   

Иштироки Хайрулло Ибодзода дар конфронси вазирони Минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором

1

Рӯзҳои 5-8 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бангкок Конфронси вазирони Минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором баргузор гардид. Дар конфронс Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш — СММ, ЭСКАТО, ЮНЕП ва Ҳукумати Тайланд барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки чунин вохӯриҳо барои табодули афкор ва таҷриба доир ба ҳолати мавҷудаи соҳаи ҳифзи муҳити зист, роҳҳои амалишавии принсипҳои рушди устувор дар кишварҳо ва минтақаҳо  имконият муҳайё мекунад.   

Тавре дар суханронии Х.Ибодзода қайд гардид, «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи гузариши рушди соҳибихтиёрии худ қарор дорад ва бо боварӣ муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии худро дар доираи принсипҳои демократӣ ва муносибатҳои бозаргонӣ бунёд мекунад. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои пешгирии таъсири манфии муҳити зист заминаи зарурӣ пешбинӣ заминаи зарурӣ шудааст. Ҳамаи ин дар маҷмуъ бо иқтидори мавҷудаи инсонӣ ва асоси институтсионалӣ – ҳуқуқӣ  барои гузариши Тоҷикистон ба иқтисоди «сабз» мусоидат мекунад.

Дар баробари ин баъзе масъалаҳое, ки барои таназзулёбии муҳити табиӣ,  мусоидат мекунанд, ҳаллу фасли худро тақозо мекунанд.

Вазифаи асосие, ки дар марҳилаи рушди имрӯзаи кишвар истодааст, — таъмини ҳифзи муҳити солим дар баробари пеш бурдани иқтисодиёт мебошад.

Хайрулло Ибодзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки масъалаи истифодаи самаранок ва идоракунии захираҳои обӣ яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар барои рушди устувор маҳсуб меёбад. 98%-и истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба неругоҳҳои обии барқӣ рост меояд. Ҳамин аст, ки партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2-3%-ро ташкил мекунад. Ҳамчунин зимни суханронӣ Х. Ибодзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба лоиҳаҳои бузург, мисли КАСА-1000, вобаста ба иҷроиши Созишномаи Париж аз ҷониби Тоҷикистон, қабул шудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 ҷалб намуд.      

Аз ҷумла дар суханронӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ҷустуҷуи роҳҳои ҳалли коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва чораҳои мутобиқшавӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Ин хатарҳо бештар хусусияти байналмилалӣ дошта, ҳамкории якҷояи кишварҳоро дар сатҳи байналмилалӣ тақозо мекунад.   

Х. Ибодзода дар интиҳои сухан таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба ташаббуси нави ҷониби Тоҷикистон оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ декабри соли 2016 пазируфта шуд, ҷалб намуд ва изҳори боварӣ кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои ҳалли масъалаҳои таъминот бо об ва ҳифзи муҳити зист, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор якҷоя кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.