Роҳбарият

Роҳбарияти Мақомоти ҳифзи муҳити зист аз давраи таъсисёбӣ

Мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба кишвар яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими давлатӣ табдил ёфт. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар сохтори мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи табиати Тоҷикистон тағйироту дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд.

Моҳи августи соли 1989 Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил гардид, ки собиқ Раиси комиҷроияи вилояти Хатлон Мунавваршо Назриев Раиси ин мақомот таъйин шуд. Дар давраи роҳбарии М. Назриев тамоми сохтори Кумита ба пуррагӣ барқарор гардид ва сохтмони бинои маъмурии Кумита шурӯъ шуд. Дар ҳамин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» таҳия ва қабул карда шуд. Ҳамчунин, Низомномаи Кумита таҳия ва бо Қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Соли 1990 дар якҷоягӣ бо Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин конфронси илмӣ-амалӣ оид ба ҳифзи табиат гузаронда шуд. Соли 1991 органи чопии Кумита — рӯзномаи «Наврӯзи Ватан» аз чоп баромад. Соли 1992 Парки миллӣ ва Парки таърихиву табиии Ширкент таъсис ёфт. Дар ҳамин сол барои таҳия ва пешниҳод кардани Консепсияи ҳифзи Арал ба Ҳукумати шӯравӣ аз ҷониби Тоҷикистон М. Назриев ба узвияти вобастаи Академияи байналмилалӣ пазируфта шуд.

Соли 1992 роҳбарии мақомоти ҳифзи табиат ба дӯши Сайдулло Хайруллоев афтод. Бо вуҷуди вазъияти ноороми ҷумҳурӣ барои рушди соҳа корҳои назаррас анҷом дода шуд. Яке аз корҳои хотирмони давраи роҳбарии С. Хайруллоев ба воситаи гуфтушунидҳо гирифтани пеши роҳи хуруҷҳои стихиявии экологии ташкилоти ғайридавлатии «Бирлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки шӯъбаашонро дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакент ташкил карда буданд ва мақсадашон қатъ намудани фаъолияти корхонаи коркарди тиллои Тоҷик буд.
Cоли 1994 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исмоил Давлатов Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид ва то июли соли 1997 дар ин мансаб адои вазифа намудааст. Потенсиали кадрии Вазорат дар ҳамин давра то як андоза афзуд. Бо як қатор давлатҳои хориҷӣ робитаи судманд бунёд гардид. Таҳияи Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010 дар давраи роҳбарии И. Давлатов ба вуқӯъ пайваст.
Аз моҳи августи соли 1997 то октябри соли 1998 доктори илмҳои биологӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Сафаров иҷрокунандаи вазифаи Вазири ҳифзи табиатро ба уҳда доштааст. Дар ин давра Комиссияи кимиёвӣ ташкил гашта, ба фаъолият шурӯъ кард. Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 1998-2008 таҳия ва тасдиқ карда шуд. Як қатор қонунҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикори ҳайвонот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ қабул гардиданд.
 Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 1998, №1075 Усмонқул Шокиров ба сифати Вазири ҳифзи табиат таъин шуда, то соли 2004 дар ин вазифа фаъолият намудаааст. Бо мақсади рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷалби грантҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Таъсис ёфтани Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ», мамнӯъгоҳи «Зоркӯл», Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, таҳияи стратегия ва нақшаи амал оид ба ҳифзи гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи тағйирёбии иқлим, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ, тасдиқи Протоколи Картахенӣ ба ҳамин  давра рост меояд.
 Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004, №1249 «Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ«, Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Абдулвоҳид Каримов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004, №1257 ба ҳайси Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи табиат ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2006 дар ҳамин вазифа фаъолият намуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006, №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд. Аз соли 2006 то соли 2008 дар вазифаи Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ фаъолият дошт. Дар ин давра барои ҳамоҳанг сохтани меъёрҳои кишоварзӣ ба талаботи ҳифзи табиат кӯшиши фаъол ба харҷ дода шуд. Мутахассисони Вазорат дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ЮНЕП (Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист) Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устуворро то давраи соли 2030 омода намуданд. Барои таҳияи Китоби Сурх замина гузошта шуд.
 Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2008, №428 «Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2008, №135 то 21 январи соли 2011 роҳбарии онро Хурсандқул Зикиров ба уҳда дошт. Яке аз дастовардҳои ин давра қабули Барномаи давлатии экологӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои солҳои 2009-2019 мебошад, ки дар таҳияи он ҳиссаи мутахассисони Кумита назаррас аст.
 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2011, №14 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистонро Салимов Талбак таъин гашта, дар ин вазифа то 6 декабри соли 2013 фаъолият кард. Дар ин давра барномаи махсуси корӣ тартиб дода шуда, барои амалӣ намудани он шахсони лаёқатманд ба ҷойҳои озоди корӣ даъват шуданд, тартиби наву замонавии корбарӣ ба роҳ монда шуд. Низомномаҳои раёсату бахшҳо ба Низомномаи Кумита ба талаботи ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист мутобиқ карда шуд.
 Бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013, № 586 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ибодзода Хайрулло таъйин гашт.

Дар ин давра як қатор корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ, илмию методӣ, ташкилию сохтории мақомот амалӣ гаштанд, ки барои устувор гаштани мақомот ва баланд бардоштани  сатҳу сифати  ҳифзи табиат бевосита мусоидат карданд.

Кумита баҳри иҷрои  супоришҳои  Роҳбари давлат дар самти ободонию кабудизоркунӣ, пурзӯр шудани назорати давлатӣ дар истифода ва ҳифзи табиати кишвар тамоми кушиши худро ба харҷ дода,  дар ин самт ба як қатор муваффақиятҳо ноил гашт.

Ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №189 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №162, вобаста ба тасдиқи Низомнома ва сохтори Кумита, тасдиқи Дастурамали коргузорӣ ва дар асоси он ба низом  даровардани ҳуҷҷатгузории  Кумита, қабули «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»; як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартибу дастурамалҳои  пешбурди назорати давлатии  истифода ва ҳифзи муҳити зист, сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида, партовгоҳҳои заҳрхимикатҳо дар ноҳия Вахш ва ш. Конибодом, таъмини иштироки  фаъоли  ташкилотҳои  байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда дар ин кор, марказҳои омӯзишӣ-методӣ, озмоишгоҳҳо, гузаронидани аксияҳои  «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ», таҳия ва Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҷума ва чопи ин китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, устувор гаштани ҳамкориҳои муфид бо давлатҳои аъзои ИДМ, ташкилотҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, бехатарии экологӣ, беҳдошти зиндагӣ дар деҳот ва ғайра дар доираи фаъолияти кории Кумита амалӣ гашта, дар самтҳои дигари фаъолияти худ низ мақомоти соҳавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.