Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумоти умумӣ дар бораи Кумита

Роҳбарияти Мақомоти ҳифзи муҳити зист аз давраи таъсисёбӣ

1Мақомоти давлатии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати файзи Истиқлолёбии кишвар яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳим табдил ёфт. Тўли 22 соли истиқлолият дар сохтори мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи табиати Тоҷикистон тағйироту дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд.

Қаблан моҳи августи соли 1989 Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил гардид, ки собиқ Котиби аввали партияи Коммунистии вилояти Хатлон Мунавваршо Назриев ба ин мақомот Раис таъйин шуд. Дар давраи роҳбарии М. Назриев тамоми сохтори Кумита ба пуррагӣ барқарор гардид ва сохтмони бинои маъмурии Кумита шурўъ шуд. Дар ҳамин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» таҳия ва қабул карда шуд. Ҳамчунин, Низомномаи Кумита таҳия ва бо Қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Соли 1990 дар якҷоягӣ бо Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин конфронси илмӣ-амалӣ оид ба ҳифзи табиат гузаронда шуд. Соли 1991 органи чопии Кумита — рўзномаи «Наврўзи Ватан» аз чоп баромад. Соли 1992 Парки миллӣ ва Парки таърихиву табиии Ширкент таъсис ёфт. Дар ҳамин сол барои таҳия ва пешниҳод кардани Консепсияи ҳифзи Арал ба ҳукумати шўравӣ аз ҷониби Тоҷикистон М. Назриев ба узвияти вобастаи Академияи байналмилалӣ пазируфта шуд.

 

2

Соли 1992 роҳбарии мақомоти ҳифзи табиат ба дўши Сайдулло Хайруллоев афтод. Бо вуҷуди вазъияти ноороми ҷумҳурӣ барои рушди соҳа корҳои назаррас анҷом дода шуд. Яке аз корҳои хотирмони давраи роҳбарии С. Хайруллоев ба воситаи гуфтушунидҳо гирифтани пеши роҳи хуруҷҳои стихиявии экологии ташкилоти ғайридавлатии «Бирлик»-и Ҷумҳурии Ўзбекистон мебошад, ки шўъбаашонро дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакент ташкил карда буданд ва мақсадашон қатъ намудани фаъолияти корхонаи коркарди тиллои Тоҷик буд.

 

 

3

Соли 1994 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Исмоил Давлатов Вазири ҳифзи табиат таъйин гардид ва то июли соли 1997 дар ин вазифа кор кард. Потенсиали кадрии Вазорат дар ҳамин давра то як андоза афзуд. Бо як қатор давлатҳои хориҷӣ робитаи ҳамкорӣ бунёд гардид. Таҳияи Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010 дар давраи роҳбарии И. Давлатов ба вуқўъ пайваст.

 

 

 

 

nematullo.safarov

Аз моҳи августи соли 1997 то октябри соли 1998 номзади илмҳои биологӣ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Сафаров дар вазифаи иҷрокунандаи Вазири ҳифзи табиат фаъолият намуд. Дар ин давра Комиссияи кимиёвӣ ташкил гашта, ба фаъолият шурўъ кард. Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 1998-2008 таҳия ва тасдиқ карда шуд. Дар ин давра як қатор қонунҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикори ҳайвонот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

 

usmonkul.shokirov

Аз охири соли 1998 то соли 2004 Усмонқул Шокиров ба сифати Вазири ҳифзи табиат фаъолият намудаааст. Бо мақсади рушди экология ҷалби грантҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Таъсис ёфтани Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ», мамнўъгоҳи «Зоркўл», Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, таҳияи стратегия ва нақшаи амал оид ба ҳифзи гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи тағйирёбии иқлим, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бехатарии биологӣ, ратификатсия шудани Протоколи Картахен дар ин давра маҳсуб меёбанд.

 

 

abdulvohid.kodirov

Соли 2004 Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Абдулвоҳид Каримов аз соли 2004 то соли 2006 ба ҳайси Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи табиат ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

 

 

 

 

abdurahmon.kodiri

Соли 2006 Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал ба Вазорати кишоварзӣ ҳамроҳ карда шуд. Аз соли 2006 то соли 2008 дар вазифаи Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ фаъолият дошт. Дар ин давра барои ҳамоҳанг сохтани меъёрҳои кишоварзӣ ба талаботи ҳифзи табиат кўшиши фаъол ба харҷ дода шуд. Мутахассисони Вазорат дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ЮНЕП (Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист) Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устуворро то давраи соли 2030 омода намуданд. Барои таҳияи Китоби Сурх замина гузошта шуд.

 

hursand.zikirov

Соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки роҳбари он Хурсандқул Зикиров таъйин карда шуд ва то моҳи январи соли 2011 дар ин вазифаи адои вазифа намуд. Яке аз дастовардҳои ин давра қабули Барномаи давлатии экологӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои солҳои 2009-2019 мебошад, ки дар таҳияи он ҳиссаи мутахассисони Кумита хеле назаррас аст.

 

 

 

talbak.salimov

Аз моҳи январи соли 2011 роҳбарии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистонро Салимов Талбак ба ўҳда дошт. Дар ин давра барномаи махсуси корӣ тартиб дода шуда, барои амалӣ намудани он шахсони лаёқатманд ба ҷойҳои озоди корӣ даъват шуданд, тартиби наву замонавии корбарӣ ба роҳ монда шуд. Низомномаҳои раёсату бахшҳо ба Низомномаи Кумита ва талаботи ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист мутобиқ карда шуд.

 

 

 

Бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013, № 586 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ибодзода Хайрулло таъйин гашт.

Дар ин давра як қатор корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ, илмию методӣ, ташкилию сохтории мақомот гузаронида шуданд, ки барои устувор гаштани мақомоти Кумита  ва баланд бардоштани  сатҳу сифати  ҳифзи табиат бевосита мусоидат карданд.

Кумита баҳри иҷрои  супоришҳои  Роҳбари давлат дар самти ободонию кабудизоркунӣ, пурзўр шудани назорати давлатӣ дар истифода ва ҳифзи табиати Тоҷикистони азиз тамоми кушиши худро ба харҷ дода,  дар ин самт ба як қатор муваффақиятҳо ноил гашт.

Ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, 189 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №162, вобаста ба Низомнома ва сохтори Кумита); Тасдиқи Дастурамали коргузорӣ ва дар асоси он ба низом  даровардани ҳуҷҷатгузории  Кумита, қабули «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»; як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартибу дастурамалҳои  пешбурди назорати давлатии  истифодабарӣ ва ҳифзи муҳити зист, сохтмони биноҳои маъмурии раёсатҳо, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида, партовгоҳҳои заҳрхимикатҳо дар ноҳия Вахш ва ш. Конибодом, таъмини иштироки  фаъоли  ташкилотҳои  байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда дар ин кор, марказҳои омўзишӣ-методӣ, озмоишгоҳҳо, гузаронидани аксияҳои  «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», «Тозагии роҳ», таҳия ва Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти кории Кумита амалӣ гашта, дар самтҳои дигари фаъолияти мақомоти соҳавӣ низ дастовардҳои назаррас дида мешавад.