Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Проект коммерциализации сельского хозяйства в Таджикистане
13.07.2017

Проект.pdf

   
Ҳамкорӣ дар татбиқи Лоиҳаҳо
12.12.2014

Лоиҳаи “Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот” аз тарафи Шӯрои Директорони Бонки Ҷаҳонӣ 29 марти соли 2013 тасдиқ гардид ва 3 октябри ҳамин сол эътибори худро пайдо намуд. Мақсади лоиҳа ин дастгирии ҷомеаи деҳот аст, ки корҳои тарҳрезишудаи лоиҳаро анҷом хоҳанд дод.
Мақсади лоиҳа барои ҷорӣ намудани усулҳои нави истеҳсоли маҳсулотҳо ва идоракунии экологии замин равона шуда, дар сатҳи деҳа ба таври грантҳои хурд пешниҳод мешавад, инчунин грантҳо дар сатҳи ҷамоатҳо барои гурўҳи истифодабарандагони чарогоҳҳо ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷудо хоҳанд шуд.
Шарикони асосии лоиҳа Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Барномаи пилотии мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим (Котиботи PPCR) дар Тоҷикистон, ноҳияҳои Фархор, Кўлоб, Ховалинг, Балҷувон, Тавилдара, Ҷиргатол, инчунин Шӯъбаи байналмилалии рушди Британияи Кабир (DFID), Агентии Германия доир ба рушди байналмилалӣ (GIZ) мебошанд.

   
Лоиҳаи “Пурқувват намудани иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим”

Мақсади лоиҳа, барои дастрасии маълумотҳо оид ба тағйирёбии иқлим ба истифодабарандагон, дохил намудани хатари тағйирёбии иқлим ба нақшаи рушди Тоҷикистон ва амалишавии лоиҳаҳои рушд, таҳия ва татбиқи раванди идоракунии дониш ва аз нав ташкил намудани котиботи ППАИК ба «Ташкилоти иҷрокунандаи миллӣ” амалӣ карда мешавад. Лоиҳа аз 5 вазифа иборат мебошад:

Вазифаи 1. Дастрасии маълумотҳо оид ба тағйирёбии иқлим ба истифодабарандагон.
Вазифаи 2. Ворид намудани хатари тағйирёбии иқлим ба нақшаи рушди Тоҷикистон ва амалишавии лоиҳаҳои рушд.
Вазифаи 3. Таҳия ва татбиқи раванди идоракунии дониш.
Вазифаи 4. Идоракунии натиҷаҳои ППАИК барои расидан ба мақсад.
Вазифаи 5. Аз нав ташкил намудани котиботи ППАИК ба «Ташкилоти иҷрокунандаи миллӣ».

   
Лоиҳаи “Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи “С“

Мақсади лоиҳа:
Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии гидрометеорологӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷузъи “С“» ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии иқлимӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ равона гардида, маҷмўи чорабиниҳо, ҷиҳати рушд ва мустаҳакамгардонии мақомоти миллии обуҳавошиносӣ, мубодилаи маълумот, барқарорсозии инфраструктура ва тайёр намудани мутахассисонро дар назар дорад.
Амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ба паст гардонидани хавфи офатҳои табиӣ, идоракунии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, хоҷагии об, эенергетика ва нақлиёт равона гардидааст.
Дар доираи лоиҳа маҷмўи чорабиниҳо дар сатҳи стансияҳои обуҳавосанҷӣ, дидбонгоҳҳои обченкунӣ ва стансияҳои барфу тармасанҷии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

   
Лоиҳаи GEF/UNIDO «Тафсир ва таҷдиди Нақшаи миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ», «Ҷамъбасти натиҷаҳои таҷдиди бақайдгирии ифлоскунандаҳои устувори органикӣ” ва «Муайянкунии самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соҳаи ифлоскунандаҳои устувори органикӣ»

Барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи марбут ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ таъсис дода шудааст, ки яке аз вазифаҳои асосии он дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба танзимдарории партовгоҳҳои заҳрхимикатҳо, бастубандкунии заҳрхимикатҳо то мавриди аз кишвар баровардан ва безараргардонии онҳо ба шумор меравад.
Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ дастоварди бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мақсади асосии он ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири ифлоскунандаҳои устувори органикӣ мебошад.
Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (UNIDO) дар нимсолаи аввали соли равон ва амалишавии лоиҳаи GEF/UNIDO «Тафсир ва таҷдиди Нақшаи милли иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ», «Ҷамъбасти натиҷаҳои таҷдиди бақайдгирии ифлоскунандаҳои устувори органикӣ” ва «Муайянкунии самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соҳаи ифлоскунандаҳои устувори органикӣ»-ро бо маблағи 180 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ намуда истодааст.

   
Лоиҳаи дуюм оид ба таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ
22.08.2014

1233366

Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона»

«Лоиҳаи дуюм оид ба таъмини шуҳли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ»

МАҚСАДҲОИ ЛОИҲА:

1. Омода сохтани ҷойҳои кории муваққатӣ ва барқарорсозии инфраструктураи ирригатсионӣ ва заҳбару заҳбурҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи баланд намудани сатҳи бехатарии озуқавории хонаводаҳо;

2. Баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоти кишоварзӣ дар натиҷаи хуб шудани ҳолати инфраструктураи ирригатсионӣ ва заҳбуру заҳбурҳо;

3. Расонидани кўмак оиди такмили стратегия ва фаъолияти ташкилотҳои идоракунандаи захираҳои об ва бо ин восита беҳтар кардани дастрасии аҳолии камбизоати маҳалҳои кишоварзии минтақаи фарогири лоиҳа ба маҳсулоти ғизоӣ.